Дарси забони русӣ дар мактабҳои Тоҷикистон зиёд шуд
Сар аз аз моҳи сентябри соли 2015 дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии Тоҷикистон дарси забони русӣ як соат бештар мешавад.
Зулфия Сафарова, сармутахассиси раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба “Озодагон” хабар дод, ки соли 2004 “Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2004-2014” таҳия ва қабул гардид.
Зулфия Сафарова мегӯяд: “Тавассути ин барнома мо бештар бо Вазорати маориф ва илми Россия ҳамкорӣ кардем. Бо ибтикори сафорати Русия дар Тоҷикистон дар Донишгоҳи славянии ҷумҳурӣ давраҳои семоҳаи бозомӯзии омӯзгорони фанни забони русӣ ташкил гардид. Китобҳои методию дарсӣ омода намуда, ба тамоми муассисаҳои таълимӣ дастрас кардем. Ин барнома даҳ сол амал кард ва марҳалаи аввали он соли 2014 ба поён расид. Бояд бигӯям, ки на ҳамаи бандҳои барномаи қаблӣ ба пуррагӣ иҷро шуданд”.
Ба иттилои Сафарова ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2014 “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забони русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул кардааст, ки бар асоси он барои хонандагони синфҳои болоӣ, ки қаблан аз фанни забонҳои русӣ 3 соат дарс мегирифтанд, акнун як соати дигар илова мешавад.