Аз сафорти Британияи Кабир дар Тоҷикистон, ба хабаргузории Озодагон иттиллоъ доданд, ки мақсад аз ташрифи ҷаноби Вилям Пети, шиносоӣ бо сиёсати ояндаи Тоҷикистон оид ба Афғонистон мебошад.
Дар доираи ташрифи хеш Вилям Пэти ҳамчунин оид ба сиёсати Британияи Кабир дар Афғонистон ва дар робита бо дигар кишварҳои минтақа низ сӯҳбат намуд. Вилям Пэти дар доираи ин сафараш ба Тоҷикистон бо Эркин Раҳматуллоев, мушовири давлатии президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ, генерал Рамил Нодиров, муовини аввали вазири дифоъ ва шахсони масъули вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқот анҷом дод. Ҷонибҳо зимни мулоқоташон иқрор шуданд, ки таваҷҷӯҳи зиёде баҳри барқарор намудани сулҳу субот дар Афғонистон ва дар саросари минтақа доранд. Ҷаноби Вилям Пэти ҳамчунин бо Волоҳазрат Абдулғафур Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ва бо намояндагони ҷомеъаи байналмилалӣ оид ба рушд низ вохӯрӣ доир намуд. Ӯро ҳангоми ин мулоқотҳо сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон ҷаноби Тревор Мур ҳамроҳӣ кард. Онҳо ҳамчунин ба қароре омаданд, ки муҳокимаи муфассали мавзӯи мазкурро дар оянда низ идома хоҳанд дод.{jathumbnail off}