Муроҷиати муовини аввали Кабирӣ ба генерал Раҳимзода
Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо ирсоли як нома унвонии Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии кишвар аз қонуншиканиҳои маъмурини пулис шикоят кардааст.
Ҳусайнӣ дар номаи худ гуфтааст, муносибати охири маъмурини пулис бо пайравони ҲНИТ ӯро водор сохт ба Рамазон Раҳимзода, ки ниҳоди зери итоати ӯ вазифаи пешгирӣ аз ҷиноятҳо ва таъмини ҳамаҷонибаи суботу оромӣ дар ҷомеаро бар зимма дорад, муроҷиат намояд.
Ба гуфтаи муовини аввали раиси ҲНИТ, гӯиё дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон таҳдиду фишор алайҳи аъзои ин ҳизб аз сӯи мақомоти иҷроияи маҳаллию, амният, аз ҷумла ниҳодҳои зертобеи ВКД идома дошта, пайравони ин ҳизби бар асоси қонун амалкунандаи Тоҷикистонро маҷбур доранд, то аз сафи он берун шаванд: “Шӯрои сиёсии ҲНИТ зимни баррасии вазъият дар кишвар, махсусан баъд аз шиддат ёфтани фишорҳо, ки имрӯзҳо волоият ва эҳтироми қонунро умуман зери суол бурдааст, мафҳуми "милиса-ҳомии ман”-ро ба шаҳрвандон дигаргуна мебинем. Аз ин рӯ ин ниҳоди ҳизби маро муваззаф сохт, то ба Шумо, ҳамчун роҳбари ин ниҳоди интизомӣ, ки вазифаи пешгирӣ аз ҷиноятҳо ва таъмини ҳамаҷонибаи суботу оромӣ дар ҷомеаро бар зимма дорад, муроҷиат намоям”.
Ҳусайнӣ афзудааст, ин муносибат бо пайравони ҳизби онҳо дар ҳоле идома дорад, ки фаъолияти ҲНИТ-ро Сарқонуни Тоҷикистон иҷоза додаасту касе ҳақ надорад, меъёрҳои онро нодида бигирад. “Ба касе пӯшида нест, ки фаъолияти ҲНИТ меъёри конститутсионӣ буда, дар натиҷаи тафоҳуми миллӣ ва сулҳу созиш ба даст омадааст, гузашта аз ин, тазминкунандаи сулҳу ваҳдат дар кишвар мебошад. Касе, новобаста аз мансубият ва масъулияти хеш ҳақ ва салоҳияти онро надорад, ки меъёрҳои конститутсиониро нодида бигирад. Ҷои тазаккур ҳам ҳаст, ки мавқеъгириҳои ҲНИТ дар ҳолатҳои ҳассос борҳо кишвар ва минтақаро аз хатарҳои гуногун ҳифз намуда, пойдории давлати миллӣ маҳз бо мавқеъгириҳои ватандӯстонаи роҳбарияти ҲНИТ ва боло гузоштани манфиати Ватану миллат аз дигар манофеъ ба даст омадааст”,- навиштааст ӯ.
Муовини аввали раиси ҲНИТ бо зикри ҳолатҳои нақзи қавонини амалкунандаи кишвар аз сӯи маъмурини пулис аз вазири умури дохилии Тоҷикистон, хоҳиш кардааст, “барои ҷилавгирӣ аз қонуншиканиҳо ҷиҳати таъмини волоият ва эҳтироми қонун чораандешӣ намояд.