Убайдуллоев хостори ифтитоҳи литсейҳои бритониёӣ дар Тоҷикистон шуд
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон бо Хю Стэнли Филпотт, сафири Бритониёи Кабир ва Ирландияи шимолӣ дар шаҳри Душанбе мулоқот кардааст.
Тавра аз Маҷлиси миллӣ ба “Озодагон” хабар доданд, ин мулоқот рӯзи 28 апрел дар Душанбе баргузор шуда, дар он як қатор масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистону Бритониё баррасӣ шудааст. Манбаъ мегӯяд, Убайдуллоев дар вохӯрии худ бо дипломати бритониёӣ хостори афзоиши корхонаҳои мушатарак ва ҷалби бештари бахши иқтисод ва тиҷорати Британияи Кабир дар лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон шуда, инчунин гуфтааст, “квотаҳои мавҷуда барои донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар мактабҳои олии Бритиниёи Кабир, пеш аз ҳама Оксфорд, Кембридж, Мактаби тиҷоратии Лондон, кушодани филиали донишгоҳҳои олӣ ва инчунин таъсиси литсейҳои бритониёӣ дар Тоҷикистон потенсиали хешро бештар сафарбар намоянд”.
Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ба зарурати пурзӯр намудани мубориза алайҳи даъватҳои номатлуби муосир, аз ҷумла терроризми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккилона ва эктремизм низ таъкид кардааст. Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ин мулоқот масъалаи имзои Созишномаҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию илмӣ-техникӣ, қадргардонӣ ва ҳимояи дуҷонибаи сармоя, худдорӣ намудан аз андозбандии дукарата ва пешгирии канораҷӯӣ аз пардохти андозҳо аз даромад ва сармояро, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шудааст, ба миён гузошта, хостори тезонида раванди ба имзорасии ин созишномаҳо шудааст.