Ситоиши сафири Тоҷикистон дар Эрон аз филми Носир Саидов
Неъматулло Эмомзода, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон аз филми “Муаллим”-и коргардони тоҷик Носир Саидов, ки дар сиюсеюмин Ҷашнвораи байналмилалии филми Фаҷри Эрон намоиш дода шуд, ситоиш кардааст.
Шоҳмансури Шоҳмирзо, коршиноси мизи Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии СҲИ (ЭКО) ба “Озодагон гуфт, оқои Эмомзода изҳор дошт, “пардохтан ба мавзӯи муҳими ҷомеа - ҷойгоҳи муаллим ва қадру манзалати он ҳунари кишварро ба намоиш гузоранд, ки мояи ифтихору нозиши Тоҷикистон мебошад ва иқдоми онҳо шоистаи таҳсин аст”.
Ба қавли манбаъ, филми “Муаллим” дар Пардиси синамоии “Миллат”-и ҷашнвора ба намоиш даромад ва аз сӯи тамошогарон гарм истиқбол ёфт: “Лаҳзаҳои ҳассосу дардноки он тамошогаронро амиқан таҳти таъсир қарор дод. Зеро дар он саҳнаҳое аз зиндагии як хонаводаи зиёӣ ба намоиш даромад, ки падар ва фарзандон соҳиби пешаи боифтихори муаллимианд ва бо иззату икром нони ҳалоли омӯзгорӣ ба даст меоранд ва аз андак тӯҳмати нобарҷо ва тавҳини кучак шикаста мешаванд”.
Пас аз поёни намоиш, бо ширкати дастандаркорони филм - Носир Саидов, коргардон, Диловар Султонов, тадвингар, Ҳусейни Маҳдавӣ ва Ҳуро Маликӣ, садобардорони эронии филм ва Шоҳин Амин, филмшиноси эронӣ нишасти хабарӣ баргузор гардид: “Носир Саидов зикр намуд, ки достони филм ба замоне бармегардад, ки ҳанӯз Тоҷикистон соҳиби истиқлол набуд ва бо таваҷҷуҳ ба инки муаллим шахсияти муҳим ва обрӯманд дар ҷомеаи тоҷик маҳсуб мешуд, мавзӯи филмро бар асоси он сохтааст. Ба гуфтаи коргардони тоҷик навиштани филмнома 3 сол, филмбардорӣ 45 рӯз ва тадвини он се моҳ тӯл кашид. Саидов аз филмҳои эронӣ тамҷид ба амал овард ва пешниҳод намуд намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Эрон ба роҳ монда шавад ва низ филмҳои муштарак бо ширкати ҳунармандони ду кишвари ҳамзабон сохта шаванд, ки вуҷуди ҳамзабонӣ ва ҳамфарҳангӣ заминаи муносибе барои ин кор аст”.
Чанд сол қабл филми “Нимрӯзи ростин”-и Носир Саидов дар Ҷашнвораи байналмилалии филми Фаҷри Теҳрон ҷоизаи беҳтарин нақши мард ва беҳтарин намоишномаро аз они худ намуд.