“Наргисбанк” дар азхудкунии 20 миллион рубл муттаҳам мешавад
Як сокини 44-солаи ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд бо иттиҳоми қаллобӣ дастгир шудааст.
Муҳсинҷон Юсуфов, корманди дафтари матбуотии Раёсати умури дохилии Суғд ба ozodagon.tj, гуфт, ин зан дар асоси аризаи сокинони ноҳияи Зафаробод дастгир шудааст: “Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ муайян шуд, ки Н.А.-и 44-сола бо роҳи фиреб ба боварии одамон даромада, маблағҳои пулии аз 100 ҳазор то як миллиону 800 ҳазор рубли русии онҳоро бо баҳонаи бо фоизи баланд баргардонидан гирифта, ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст”.
Ба қавли манбаъ, ин зан, ки миёни мардум ҳамчун “Наргисбанк” маъруф буда, ҳангоми гирифтани маблағ аз мардум ба онҳо забонхат менавиштааст, ки онро бо фоизаш бармегардонад, аммо пули ҳеч нафари онҳоро бозпас надодааст: “Дар маҷмӯъ тафтишот муайян кард, ки ӯ беш аз 20 миллион рубли русиро бо роҳи фиреб аз они худ намудааст”.
Муҳсинҷон Юсуфов мегӯяд, феълан нисбати дастгиршуда бо моддаи 247 (қаллобӣ)-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.