Таъини муовинони нави Қосими Раҳбар, Убайдуллоев ва генерал Назарзод
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон Зафар Самадовро муовини якуми директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин кардаст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон баъди зуҳри 28 апрел Ҳайдарзода Муртазоро муовини Рустам Назарзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудааст.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур афзуд, ки мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" Хайруллоев Насрулло аз вазифаи муовини якуми раиси шаҳри Душанбе, Назаров Бурҳон Маъруфович ва Мансуров Ҷамшед Мақсудович аз вазифаи муовинони раиси шаҳри Душанбе бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон барканор гардиданд. Дар баробари ин Руқия Қурбонова бо далели расидан ба синни нафақа аз симмати муовини Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе барканор шуда, ба ҷои ӯ Лангариева Ҷамила Салмоновна таъин гардидааст. Лангариева, ки то ҳол ноиби ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон оид ба тарбия будааст, аз хонаводаи Лангариевҳо, собиқ фармондеҳони Фронти халқӣ мебошад.
Дар мавриди муовинони дигари Маҳмадсаид Убайдуллоев дафтари матбуоти раисиҷумҳур иттилоъ дод, ки Расулов Ашурбег Раҳматуллоевич ба вазифаи муовини якуми раиси шаҳри Душанбе, Мақсудзода Шуҳрат ва Самадов Шакарбек Додхоевич ба вазифаи муовини раиси шаҳри Душанбе таъин карда шуданд.
Инчунин, бо амри раисиҷумҳур Мақсудзода Шуҳрат бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президент озод шуда, Бек Қурбонов муовини якуми Қосими Раҳбар, раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст: “Эмомалӣ Раҳмон инчунин амр додааст, ки Ҷӯразода Тоҷиддин муовини раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шавад”.