Экспедитсияи Павел Кобяк бо мотосиклҳо ба Помир
Як ҳайати мотосиклсаворон таҳти роҳбарии Павел Кобяк, сайёҳ ва нависандаи маъруфи рус бо супориши Анҷумани ҷуғрофиёии Русия субҳи 30-юми апрел аз шаҳри Санкт-Петербург ба сафари Помир мебароянд.
Ин экспедитсия, “Помир-боми ҷаҳон” ном гирифта, аз 3 нафар, аккос ва наворбардор иборат аст.
Павел Кобяк гуфтааст, хатсайри интихобкардаашон хеле душвор аст: “Аз манотиқи хатарнок ва роҳҳои куҳӣ гузар хоҳем кард, ки ҳеч инфрасохторе надоранд. Интиботот тариқи телефонҳои маҳворавӣ аст. Дар бархе ҷойҳо ҳатто оксиген ҳам намерасад”.
Ба нақли Кобяк ширкаткунандагони ин сафар аз ҳафт кишвар Русия, Қазоқистон, Узбакистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Афғонистон дидан хоҳанд кард. Омодагӣ барои ин сафар ним сол давом кардааст, ки дар ин муддат ҳамаи мушкилоти эҳтимолӣ дар назар гирифта шудааст.
Павел Кобяк мақсади ин сафарро тарғибу ташвиқи сайёҳӣ гуфта шарҳ додааст, ки “мо мехоҳем бубинем, ки мардуми Осиёи Миёна чӣ гуна зиндагӣ мекунанд. Мехоҳем зиндагӣ, фалсафа ва фарҳанги онҳоро бифаҳмем. Худро дар ҷаҳони дигар дарёбем”.
Инчунин баъд аз анҷоми ин сафар китоби чоруми Павел Кобяк бо номи “Савор шуду рафт” ба нашр мерасад. Дар ин китоб сафаргуфтаҳои муаллиф дар бораи кишварҳо ва шаҳрҳое, ки сайёҳон аз онҳо дидан мекунанд, шомил мешаванд. Инчунин дар назар аст, ки зимни ин сафар дар бораи Помир як филми мустанад ба навор гирифта мешавад.