Эътирози Донишкадаи исломӣ ба “Висоли ҳақ”: Чаро дар бораи Роғун намегӯед?
Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам бо нашри як изҳорот барномаи шабакаи моҳвораии “Висоли ҳақ” ва ҳарфҳои барандаи он - Муҳаммад Ансориро, ки дар он ҳукумат ва давлати Тоҷикистон ба ҷонибдорӣ аз фоҳишаҳо муттаҳам мешуд, таҳқир ба миллат ва бонувони тоҷик дониста, хостори узрхоҳии масъулини ин телевизион шудааст.
Дар изҳороти донишкада, ки ба дасти “Озодагон” расид, аз ҷумла омадааст, “нисбати як миллат сухани нораво гуфтан ва паст задани як миллат аз тарафи ровӣ борҳо мушоҳида шуд, ки аз одобу ахлоқи динӣ дур мебошад. Ин туҳмат ва таҳқири як миллат ба ҳисоб меравад ва бояд ровӣ ҳатман узрхоҳӣ кунад”.
Масъулини ягона таълимгоҳи исломии Тоҷикистон гуфтаанд, барандаи “Висоли ҳақ” дар ҳоле ҳукумат ва давлати кишварро ба поймол кардани ҳуқуқи занони рӯсарипӯши тоҷик муттаҳам кард, ки ба гуфтаи онҳо гӯиё дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон занону духтарони зиёде ба таҳсил ва кору фаъолият машғуланд ва “аз ҷониби онҳо ҳатто як шикояте ҳам нисбати беэҳтиромӣ ба занону духтарони дорои пӯшиши динӣ пешниҳод нагардидааст”.
Дар изҳороти донишкада, таъкид мешавад, яке аз масоили дигаре, ки Муҳаммад Ансорӣ барои он ҳукумат ва мансабдорони тоҷикро зери тозиёнаи танқид қарор додааст, муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад, дар ҳоле ки бо ин мушкил на танҳо мардуми Тоҷикистон, балки худи кишварҳои арабию Осиёи Шарқӣ (Тайланд, Индонезия, Малайзия ва ғайраҳо) низ рӯбарӯ ҳастанд: “Мушкили дигари ровии ин барнома ин аст, ки аз шароити иҷтимоии кишвари мо ва тағйироти назарраси иқтисодиву иҷтимоӣ баъд аз истиқлолият огоҳӣ надорад ва ба рағми ин ҳама пешрафтҳо аз мушкилоте сухан мегӯяд, ки барои ҳамаи ҷомеаҳо ва давлатҳо вуҷуд дорад. Мушкили бекорӣ, мушкили муҳоҷират ва мушкили касри буҷет дар кишварҳои пешрафтаи дунё ва ҳатто кишварҳои абарқудрат ҳам мушоҳида мешавад ва баъзе кишварҳо дар Аврупо бо буҳронҳои сангину камаршикане рӯ ба рӯ шудаанд ва дар зери бори қарзҳои хориҷӣ наздик аст, ки кишварашон аз байн биравад. Пас, ин масъалаҳоро ҳамчун мушкили асосии як давлат нишон додан одилона ва аз рӯи инсоф нест”.
Муаллифони изҳорот мегӯянд, Муҳаммад Ансорӣ ва масъулини “Висоли ҳақ” даҳҳо мушкилим аслии мардуми тоҷикро нодида гирифта, такя ба суханҳои беасоси доираҳои манфиатхоҳ барнома таҳия менамоянд: “Ҳаргиз шабакаҳои хориҷӣ дар бораи мушкилоти асосии кишвари мо, ки аз ҳама бештар моро нигарон мекунад ва ҳаққи мардуми моро поймол мекунанд, сухане ба миён намеоваранд. Чаро дар мавриди сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва мушкилоти маснуие, ки дар пеши роҳи он мегузоранд, касе сухан намегӯяд? Чаро дар мавриди монеъ шудани кишварҳои ҳамсоя аз ворид шудани маводи зарурӣ ба кишвари мо сухан ба миён намеояд?”
Изҳороти Донишкадаи исломии Тоҷикистон дар ҳолест, ки қаблан раҳбарияти Кумитаи дин ва Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон низ дар робита ба барномаи “Висоли ҳақ” изҳорот пахш карда, онро туҳмат ва “шаттоҳӣ” хонданд.