Ҷумъабой Сангиновро ба нафақа гусел карданд
Ҷумъабой Сангинов аз вазифаи муовини якуми раиси вилояти Суғд барканор шудааст.
Музаффар Юнусов, сухангӯи раиси вилоят, имрӯз, 28 апрел ба хабаргузории “Озодагон” далели барканории оқои Сангиновро “ба синни нафақа расидан”, гуфт.
Ҳанӯз маълум нест, ки курсии ӯ ба ихтиёри кӣ гузошта мешавад.
Ҷумъабой Раҳматович 22 феврали соли 1952 дар ноҳияи Мастчоҳ таваллуд ёфтааст. Соли 1974 Донишкадаи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиро дар беморхонаи ҷумҳуриявии клиники №1-и шаҳри Душанбе оғоз карда, минбаъд аз соли 1976 то 1980 дар беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ ба ҳайси духтури ҷарроҳ, муовини сардухтури ноҳия фаъолият бурдааст. Аз соли 1980 то 1982 ординатураи клиникиро дар Донишкадаи тиббии Тоҷикистон хатм намуда, дар беморхонаи шаҳрии клиникии № 5-и шаҳри Душанбе ба ҳайси духтури ҷарроҳ ва баъд мудири шӯъба то соли 1985 кор кардааст. Аз соли 1985 то соли 1987 сардори шӯъбаи кадрҳои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, солҳои 1987-1991 сардухтури диспансери ҷумҳуриявии саратоншиносӣ, солҳои 1991-1996 сардори Раёсати тандурустии ҳукумати шаҳри Душанбе буд. Аз соли 2000 то 2011 се даъвати Маҷлиси Олӣ (II, III, IV) вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб шудааст. Корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дорандаи медали ҷашнии 20 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Доктори илмҳои тиб, профессор.Аз 7 январи соли 2011 дар мувофиқат бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ҷумъабой Сангинов муовини аввали Раиси вилояти Суғд таъин карда шуд.
Оиладор, соҳиби се фарзанд.