Убайдуллоев тоҷирони "эътирозгар"-ро моил кард
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, имрӯз, 28 апрел бо тоҷирони норозии бозори “Шоҳмансур” мулоқот намуда, онҳоро барои интиқол ба маркази савдои “Пойтахт -90” моил кардааст.
Сайфулло Амонов, сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои Душанбе ба “Озодагон” гуфт, Убайдуллоев зимни боздид аз бозори “Шоҳмансур” бо беш аз 300 тоҷир мулоқот карда, арзи онҳоро шунид. Амонов афзуд, тоҷироне, ки ба фурӯши маҳсулоти саноатию сохтмонӣ машғуланд, хостанд, барояшон муҳлат диҳанд, то боқимондаи борҳояшонро фурӯшанд: "Аммо ин дархости онҳо рад шуд, чун тоҷирон аллакай 1,5 сол пеш дар мавриди маҳдуд шудани фурӯши молҳои саноатӣ дар бозори “Шоҳмансур” огоҳӣ гирифтаанд".
Раиси Душанбе изҳор доштааст, ки “Шоҳмансур” аз аввал барои фурӯши меваю сабзавот ва маҳсулоти ғизоӣ пешбинӣ шуда буд.
Амонов изҳор дошт, дар пайи мулоқоти Убайдуллоев аллакай 90 фурӯшанда, аз ҷумла 80 фурӯшандаи меваи хушк ва 10 асалфурӯш аз бозори “Шоҳмансур” ба маркази савдои “Пойтахт-90” кӯчонда шуданд. Сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои Душанбе афзуд, шаҳрдорӣ барои онҳо сабукиҳо ироа кардааст: “Якум, ки шароити “Пойтахт-90” ба маротиб беҳтар аст. Агар дар бозори “Шоҳмансур” 240 сомонӣ ҳар моҳ месупориданд, дар “Пойтахт-90” ҳамагӣ 60 сомонӣ пардохт хоҳанд кард”.
Ба таъкиди Сайфулло Амонов, фурӯшандаҳои маслоҳеи сохтмонӣ дар бозори “Шоҳмансур”, агар самти корашонро дигар кунанд, фаъолияташонро дар бозор идома хоҳанд дод.
Ин дар ҳолест, ки Акбар, савдогари меваи хушк дар бозори “Шоҳмансур” ва яке аз иштирокдорони мулоқот ба “Озодагон” гуфт, имрӯз, 28 апрел патенташро баста, қасди муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русияро равад.
Ҳафтаи гузашта тоҷирони бозори “Шоҳмансур” аз қарори Убайдуллоев барои маҳдуд кардани савдои бархе аз маҳсулот дар ин бозор эътироз карда, барои изҳори назар назди идораи Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон ҷамъ шуданд. Онҳо гуфтанд, дар ҳоле фурӯши бархе аз маҳсулот дар “Шоҳмансур” манъ шудааст, ки аз бонкҳо қарз гирифта, тиҷораташонро ба роҳ мондаанд.
Қаблан шаҳрдории Душанбе эълон кард, ки аз якуми майи соли равон фурӯши бархе молу маҳсулот дар бозори "Шоҳмансур"-и пойтахт бо мақсади аз байн бурдани савдои кӯчагӣ, таъмини бехатарию ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт маҳдуд мешавад. Дар ҷаласаи шаҳрдорӣ зикр гардид, ки бо назардошти ихтисори фурӯши бархе аз молу маҳсулот дар бозори "Шоҳмансур" соҳибкорон имкон доранд фаъолияти худро дар маҷмааи савдои "Пойтахт-90", ки моҳи сентябри соли 2014 дар рӯзҳои ҷашни Истиқлоли кишвар ба истифода дода шуд, ба роҳ монанд.