Суҳбати Аслову ал-Мусавӣ дар бораи чолишҳои амниятию терроризми байналмилалӣ
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Роҷеҳ ал-Мусавӣ, сафири Ироқ дар шаҳри Душанбе мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУХ-и кишвар, ин вохурӣ рӯзи 28 апрел дар Душанбе баргузор шуда, ҷонибҳо дар мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Ироқ ва роҳҳои тавсеаи робитаҳо дар арсаҳои иқтисоду тиҷорат, фарҳанг, маориф, туризм ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ кардаанд.
Инчунин вазири умури хориҷии Тоҷикистону дипломати ироқӣ дар мавриди вазъияти Шарқи Наздик ва Миёна, иқдомҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати эътидоли вазъият ва таъмини сулҳу субот дар ин минтақаҳо, роҳандозии ҳамкориҳои мақомотҳои дахлдори ду кишвар дар самти мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва чолишҳои дигари амниятӣ табодули назар кардаанд.
Сафири Ироқ дар Тоҷикистон дар навбати худ алоқамандии зиёди кишварашро барои густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар ҳошияи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ таъкид кардааст.