Ансорӣ аз Абдулқодирзода ва Давлатов хост, дар барномааш иштирок кунанд
Муҳаммад Ансорӣ, барандаи шабакаи моҳвораии “Висоли ҳақ” аз Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ ва Сулаймон Давлатов, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон даъват кардааст, дар барномаи навбатии ӯ иштирок кунанд.
Ин даъвати Муҳаммад Ансорӣ аз раҳбарони ду ниҳоди марбут ба дини Тоҷикистон тавассути саҳифаи ин шабакаи телевизионӣ дар Фейсбук сурат гирифтааст. Барандаи Висоли ҳақ навиштааст, барномаи навбатии ӯ рӯзи чаҳоршанбеи 29 апрели соли равон, соати 22:00 ба вақти Душанбе шурӯъ хоҳад шуд.
Даъвати Ансорӣ аз Абдулқодирзода ва Давлатов дар ҳолест, ки ниҳодҳои таҳти раҳбарии онҳо дар пайи пахши нахустин барномаи “Висоли ҳақ” дар бораи маҳдудиятҳои динии Тоҷикистон, бо пахши изҳоротҳо ҳарфҳои барандаро туҳмат ва шаттоҳӣ хонданд. Дар изҳоротҳои ин ду ниҳоди марбут ба дини Тоҷикистон таъкид шуд, ки қонуну санадҳои қабулнамудаи ҳукумати кишвар дар робита ба дин ва расму ойин “ҳаётан муҳим” буда, нишондиҳандаи ҷомеаи озод аст.
Аз сӯи дигар, Сайидмукаррам Абдулқодирзода гуфт, барандаи “Висоли ҳақ” дар ҳоле дар бораи маҳдудияти динӣ ва фишору таъқиби диндорон суҳбат мекунад, ки “шояд ба монанди Тоҷикистон миёни кишварҳои мусулмоннишин давлате пайдо нашавад, ки дар он Ислом бо чунин пешрафт тараққӣ ва нумӯъ карда истода бошад ва мусулмонон тамоми ибодат ва маросимҳои динии худро дар як фазои орому осуда анҷом дода истода бошанд”. Ӯ ҳамчунин аз масъулини ин шабака даъват кард, то ба Тоҷикистон биёянд ва вазъро бо чашми худ бубинанд.
Шабакаи моҳвораии “Висоли ҳақ”, ки дар Тоҷикистон низ бинанда дораду ҳоло бо хатти кирилӣ низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаи худро боз кардааст, ахиран аз тасмими худ дар мавриди таҳияи барномаҳо дар бораи фазои динӣ ва мазҳабии Тоҷикистон хабар дод. Дар барномаи аввали он, ки Муҳаммад Ансорӣ сухан мегуфт, ҳукумат ва давлати Тоҷикистонро ба шиддат зери тозиёнаи танқид қарор дода, ба ҷонибдорӣ аз фоҳишаҳову фоҳишахонаҳо муттаҳам кард.