Абдулқодирзода аз Ансорӣ ва "Висоли ҳақ" хост, Тоҷикистон оянд
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ бо нашри як изҳорот аз масъулини шабакаи моҳвораии “Висоли ҳақ” хостааст, сулҳу суббот ва фазои ороми кишварро халалдор накунанд.
Абдулқодирзода гуфтааст, суханҳои Муҳаммад Ансорӣ, барандаи барномаи “Висоли ҳақ” дар бораи маҳдудиятҳи динӣ дар Тоҷикистон, аз ноогоҳии ӯ нисбат ба пешравии дину диндорӣ ва озодии дин дар Тоҷикистон хабар дода, нисбат ба як давлати ободу пешрафта туҳмат мебошанд.
Ба гуфтаи раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, барандаи “Висоли ҳақ” дар ҳоле дар бораи маҳдудияти динӣ ва фишору таъқиби дидорон суҳбат мекунад, ки “шояд ба монанди Тоҷикистон миёни кишварҳои мусулмоннишин давлате пайдо нашавад, ки дар он Ислом бо чунин пешрафт тараққӣ ва нумӯъ карда истода бошад ва мусулмонон тамоми ибодат ва маросимҳои динии худро дар як фазои орому осуда анҷом дода истода бошанд”.
Дар изҳороти Абдулқодирзода таъкид шудааст, тайи солҳои охир барои ба эътидол даровардани авзои иҷтимоиву фарҳангӣ ва ахлоқӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар мавриди дин ва расму оинҳо, аз ҷониби ҳукумати кишвар қонуну санадҳои ҳаётан муҳим ба тасвиб расида, он нишондиҳандаи ҷомеаи озод мебошад.
Сайидмукаррам Абдулқодирзода аз Муҳаммад Ансорӣ ва масъулини “Висоли ҳақ” даъват кардааст, ба ҷои таҳияи барномаҳо дар асоси суханҳои бардурӯғи иғвогарон ба Тоҷикистон ташриф оварда, ҳақиқати ҳоли мусулмонҳоро бо чашми худ бинанд: “Инҷониб аз Шумо, роҳбарони барномаи телевизионии “Висоли ҳақ” бо арзи эҳтиром даъват ба амал меорам, ки ба Тоҷикистон бо дидаи ғаразноки дигарон нанигариста, балки боре ба Тоҷикистон лутфан ташриф фармоед, то ин ки вазъи имрўзаи онро бо чашмони худ бубинед ва роҷеъ ба рушди ислом ва тоату ибодати мардуми ин сарзамин дониши айналяқин ҳосил намоед”.
Изҳороти Сайидмукаррам Абдулқодирзода дар ҳолест, ки аз ин пеш Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон ҳам бо нашри изҳороте дар торнамои расмияш ҳарфҳои барандаи шабакаи моҳвораии “Висоли ҳақ”-ро нисбати ҳукумату давлати кишвар буҳтону туҳмат хонда буд.