"Ҳайфи ту"-и Кумитаи дин ба барандаи Висоли ҳақ: Агар инсоф медоштӣ...
Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон бо нашри изҳороте ҳарфҳои барандаи шабакаи моҳвораии “Висоли ҳақ”-ро нисбати ҳукумату давлати кишвар буҳтону туҳмат хонда, аз масъулини он хостааст, ба ин гуна барномаҳои худ хотима бахшанд.
Масъулини кумита гуфтаанд, суханҳои Муҳаммад Ансорӣ, барандаи “Висоли ҳақ” дар бораи “маҳдудиятҳои динӣ” дар Тоҷикистон ва маҳрум мондани занону модарони тоҷик аз ҳаққу ҳуқуқи хеш, аз ҷумла пӯшидани сару либоси исломӣ “шаттоҳӣ”-е беш нест. Дар изҳороти мазкур, ки торнамои расмии кумитаи нашр кардааст, гуфта мешавад, Муҳаммад Ансорӣ бидуни огоҳии дақиқ аз вазъи воқеии Тоҷикистон ба таҳияи ин гуна барномаҳо пардохта, ҳадафи ӯ “нохун задан ба эҳсоси мазҳабии эшон” мебошад.
Масъулини Кумитаи дин мегӯянд, барандаи “Висоли ҳақ” дар ҳоле ҳукумат ва давлати Тоҷикистонро ба ҷонибдори аз фоҳишахонаҳо ва бастани масоҷиду мадрасаҳо муттаҳам мекунад, ки дар давраи истиқлолият беш аз чаҳор ҳазор масҷид дар қаламрави кишвар ба қайд гирифта шуда, муассисаҳои динӣ фаъолият доранду Қуръони карим, “Саҳеҳ”-и Бухорӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума ва ройгон тақсим шудааст: “Агар ин нафар заррае ҷавонмардӣ медошт, такрор ба такрор намегуфт, ки “Занҳои тоҷик ба хотири чанд пуле танфурӯшӣ мекунанд. Зеро ки таълимоти паёмбари Ислом (с) ба касе ин ҳақро надодааст. Дар ҳадиси саҳеҳ омадааст: Аз ҳафт ҳалоккунанда бипарҳезед ва яке аз инҳо (ҳалоккунандаҳо) туҳмати занони покдоман аст (ривояти Бухорӣ). Дар ҳоле, ки Ансорӣ хуб медонад, марказҳои танфурӯшиву одамфурӯшӣ дар кадом кишварҳо воқеъ гардидаасту ки аз хидмати онҳо истифода мебаранд. Ҳайфи ту! Агар ту инсоф медоштӣ, набояд муборизаи беамони мақомоти қудратии тоҷикро нисбат ба ин амали нангин нодида мегирифтӣ. Вале афсӯс, ки чанд беномуси дигаре дар тақвияти туҳмату буҳтонҳои ӯ нисбат ба Давлату миллат чоплусиву лаганбардорӣ мекунанд”.
Дар изҳороти кумита таъкид шудааст, дар Тоҷикистон ҳеч гуна қонуне дар бораи манъи пӯшиши либосҳои исломӣ қабул нашудаасту Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар низ дар робита дастури мушаххасе надодааст: “Танҳо Сарвари давлат пешниҳод намуд, ки бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофии кишвар ва арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ хоҳарон ва модарони мо ба ҷои таќлид ба бегонагон аз пӯшиши миллие истифода намоянд, ки дар худ ҳам меъёрҳои муқаррарнамудаи динӣ ва ҳам унсурҳои фарҳангии ниёконро ифода намояд”.
Дар охири изҳорот аз суханҳои Эмомалӣ Раҳмон дар бораи дини мубини Ислом, ки “фарҳанги исломии мо ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ бисёр ҷиҳатҳои арзишманд ва зиндагисоз дорад, ки истифодаи дурусту оқилонаи онҳо метавонад барои эъмори ҷомеаи адолатпарвар ва ҳифзу таҳкими сулҳу амнияти умумӣ ва суботи сиёсии мамлакат хизмат намояд” гуфтааст, ёд шуда, аз Муҳаммад Ансорӣ даъват гардида, даст аз “туҳмату буҳтон” бардорад.
Изҳороти Кумитаи дин дар ҳолест, ки масъулини шабакаи моҳвораии “Висоли ҳақ” дар пайи маъракаҳои зидди ҳиҷобу риш дар Тоҷикистон аз тасмими худ дар мавриди таҳияи барномаҳо дар бораи фазои динӣ ва мазҳабии кишвар хабар доданд. Шабакаи моҳвораии “Висоли ҳақ” бо намоиши як барнома, ки дар он Муҳаммад Ансорӣ сухан мегуфт, ҳукумат ва давлати Тоҷикистонро ба шиддат зери тозиёнаи танқид қарор дода, ба ҷонибдорӣ аз фоҳишаҳову фоҳишахонаҳо муттаҳам кард.