Изатулло Ҳаёев дар “Лучоб” ба хок супурда шуд
Изатулло Ҳаёев, раиси пешини Шӯрои вазирони Тоҷикистон, ки шоми шанбеи 25 апрел дар синни 79-солагӣ даргузашт, рӯзи якшанбе дар оромгоҳи “Лучоб”-и шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.
Маросими ҷанозаи ӯ дар масҷиди марказии пойтахт бо иштироки мансабдороне назири Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе ва Маҷлиси миллӣ, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагону Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон баргузор шуд.
Дафтари матбуотии раисиҷумҳур рӯзи 25 апрел хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба вафоти Иззатулло Ҳаёев ба наздикону пайвандони ӯ изҳории ҳамдардӣ намудааст. Ба иттилои манбаъ, дар ин номаи ҳамдардӣ азҷумла гуфта шудааст, ки “марги абармард, чеҳраи шинохтаи арсаи сиёсат ва ходими намоёни давлатию ҷамъиятиро бо андӯҳи зиёд дарёфтам”.
Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, Иззатулло Ҳаёев давоми ҳаёту фаъолияти ибратбахшаш дар тарбияи кадрҳои болаёқат ва пешрафти кишвар саҳми босазо гузоштааст: “Аз даргоҳи Худованди мутаол дуо мекунем, ки хонаи охираташ обод ва руҳаш шод бошад”.
Иззатулло Ҳаёев соли 1936 дар деҳаи Хоҷаисҳоқи Кӯлоб таваллуд шудааст. Ӯ аз соли 1986 то 1990, яъне то ҳаводиси баҳманмоҳи хунин, раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон буд ва дар пайи кушта шудани 25 нафар дар 12 феврали соли 1990 ҳамроҳ бо Қаҳҳор Маҳкамов, котиби аввали Кумитаи марказӣ ва Ғоибназар Паллаев, раиси раёсати Шӯрои олӣ ба истеъфо рафт.
Акс аз Радиои "Озодӣ"