АКСУ ВИДЕО: Намоиши мошинҳои замони Сталину Хрушов дар Душанбе
Клуби ҳаводорони автомобилҳои колексионӣ “Ретро авто Душанбе” ва шаҳрдорӣ ба муносибати Рӯзи пойтахт ва таҷлили 70-умин солгарди Ғалаба имрӯз, 25-уми апрел дар назди маркази савдои “Пойтахт 90” намоишгоҳи автомобилҳои колексионӣ баргузор намуданд.
Созмондиҳандагон мегӯянд, ҳадаф аз ин чорабинӣ огоҳ кардани сокинони аз таърихи пайдоиши техника ва ҳамчунин маҳайё кардани шароити тафреҳ барои сокинони пойтахт аст. Қадимтарин автомобили намоишгоҳ ЗИС 101 буд, ки соли 1936 дар корхонаи автомобилсозии ба номи Иосиф Сталин тавлид шудааст.
Зайниддини Нуриддини 58 –сола, ки мошини колексиониашро дар ин чорабинӣ ба намоиш гузоштааст, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, мошини солхӯрдаашро аз як мӯйсафеда харидааст ва феълан мошин ба манбаи даромад табдил ёфтааст: “Баъзан одамон барои бурдани арусу домод ба мо муроҷиат мекунанд ва мо бо ин мошини солхӯрда хидмат мерасонем”.