ВИДЕО: Пешниҳоди ҷомеаи журналистӣ барои бозбинии ҳукми Исмоилов
Иштирокчиёни конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи мушкилоти ҳимояи ҳуқуқии ВАО ва таъқиби беасоси судӣ, имрӯз, 25-уми апрел пешниҳод карданд, ки дар арафаи Рӯзи озодии матбуот ва ҷомеа мақомот ба қазияи Маҳмадюсуф Исмоилов, рӯзноманигори маҳкумшуда дар Суғд расидагӣ кунанд.
Иштирокчиёни ин конфронс, ки феълан дар Душанбе идома дорад, зарур хонданд, ки созмонҳои журналистӣ бо як муроҷиатнома аз Додгоҳи Олии Тоҷикистон дархост кунанд, то қазияи Маҳмадюсуф Исмоилов, журналисти маҳкумшуда ба 11 соли зиндон бозбинӣ шавад. Ташаббускорони ин иқдом муътақиданд, ки 11 соли зиндон ҳукми сангин буда, татбиқи он нисбати як журналист аз рӯи адолат нест.
Оқои Исмоилов ҳанӯз охирҳои моҳи июни соли 2013 аз сӯи мақомоти умури дохилӣ боздошт гардида буд. ВКД он вақт дар иттилоияи худ гуфт, Исмоилов кӯшиш дошт, аз Санавбар Аҳадова, як сокини ноҳияи Ашт, 100 доллар “пора” бигирад. “Рӯзи 21 июни соли 2013 дар ҳудуди шаҳраки Шайдон шаҳрванд Маҳмадюсуф Исмоилови 53-сола, аз Санавбар Аҳадова бо таҳдиди ифшои маълумоти бадномкунанда бо роҳи тамаъҷӯӣ 100 сомонӣ гирифтааст. Маҳмадюсуф Исмоилов боз такроран рӯзи 24 июн барои нашр накардани ин маълумот бо роҳи тамаъҷӯӣ 100 доллари амрикоӣ талаб менамояд”,-таъкид шуда буд дар хабарномаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
Аммо дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ гуфта шуд, ки оқои Исмоилов натанҳо аз Санавбар Аҳадова, балки аз чаҳор сокини дигари Ашт ҳудуди 6 ҳазор сомонӣ “пора” гирифтааст. Иттилое, ки Муҳаммадюсуф Исмоилов онро ба куллӣ рад карда, танҳо сад доллари Санавбар Аҳадоваро кумакпулӣ донист, на ришвату пора. Вай гуфт, аслан аз касе тамаъҷӯӣ накардааст ва ҳаргуна қарори додгоҳро дар нисбати худ ноадолатӣ мешуморад.
Дар пайи омӯзиши қазия додгоҳ Исмоиловро ба 11 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.
Муҳаммадюсуф Исмоилов танҳо сарпарасти хонаводааш аст, ки ду кӯдаки хурд дорад ва инчунин, нигоҳубини хоҳари бузургаш, ки маъюб аст, ба дӯши ӯ мебошад. Ин барои бори дувум аст, ки оқои Исмоилов ба гумони тамаъҷӯӣ боздошт мешавад. Соли 2010, замоне ки ӯ ба ҳафтаномаи мустақили “Нури зиндагӣ” гузориш медод, мақомот ӯро бо ҷурми туҳмату таҳқир, маҳалгароӣ ва тамаъҷӯӣ боздошт карда буд. Вале дар моҳи октябри соли 2011 таҳти фишори созмонҳои маҳаллӣ ва байналмилалии дифоъ аз озодии матбуот аз боздоштгоҳи муваққати шаҳри Хуҷанд раҳо гардид.