Хабари марги Бағдодӣ ва таъини омӯзгори физика ба ҷои ӯ
Ҷангҷӯёни созмони экстремистии “Давлати исломӣ” ҳалокати раҳбарашон Абубакр-ал-Бағдодиро тасдиқ карда, афзудаанд, ки ба ҷои ӯ Абдураҳмон Мустафо- ал-Шайхпур бо лақаби Ал-Афрӣ таъин шудааст.
Расонаҳои ироқӣ аз қавли манобеи худ иттилоъ додаанд, ки Бағдодӣ дар шаҳри Раққаи Сурия аз захмҳое, ки рӯзи 18-уми март зимни ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои амрикоӣ гирифтааст, ҷон додааст.
Манбаъ мегӯяд, ҷангиёни “Давлати исломӣ” Ал Африро роҳбари нави худ интихоб кардаанд, ки дар гузашта ба ҳайси омӯзгори фанни физика кор карда, баъдан ба созмони террористии “Ал қоида” пайвастааст.