Душанбе: Ҷазои ду мард барои алоқаи ҷинсӣ бо “семичкафурӯш”-и 14-сола
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ду марди калонсолро барои моил кардани духтари 14-солаи “семичкафурӯш” ба алоқаи ҷинсӣ шартан ду солӣ аз озодӣ маҳрум кардааст.
Тибқи иттилои додгоҳ, ин ду мард, ки аз яке Шералӣ Ҷӯраев, сокини шаҳри Душанбе ва аз дигарӣ Эраҷҷон Усмонов, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҳисор ном бурда мешавад, дар ҳолатҳои алоҳида аз охири соли гузашта то соли равон бо духтари 14-сола дар пойтахт алоқаи ҷинсӣ мекардаанд: “Ин нафарон, як духтари соли таваллудаш 2000-умро, ки дар маҳаллаи Сирки пойтахт ба фурӯши донаи офтобпараст машғул будааст, бо хариди семичака ба муносибати маҳрамона моил мекардаанд. Аз ҷумла зимни мурофиа маълум шудааст, ки духтари ноболиғро ба ҳаммоми "Панҷшер"-и Душанбе мебурдаанд”.
Манбаъ мегӯяд, ҳар дуи ин мард оиладор ва соҳиби фарзанд мебошанд. Додгоҳи Фирдавсӣ дар пайи омӯзиши қазия Ҷӯраев ва Усмоновро тибқи моддаи 141 (алоқаи ҷинсӣ бо нафаре, ки ба синни 16 нарасидааст), айбдор карда, 2 солӣ шартан аз озодӣ маҳрум намудааст.