Ду солу 8 моҳи зиндон дар колонияи низомаш сахт барои дуздии телефони мобилӣ
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як сокини кишварро барои дуздии телефони “Samsung Galaxy S-3”, ду солу ҳашт моҳ равонаи зиндон кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти додгоҳ, телефони мобилии мазкур 420 сомонӣ арзиш дошта, ба шаҳрванд - Оев С.П. тааллуқ дорад. Манбаъ мегӯяд, шаҳрванд С.М.М, ки қаблан бо моддаи 244 қисми 2 бандҳои “а, в”-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон суд шуда буд, 19 январи соли равон дар дохили нақлиёти мусофирбари хатти 67 аз беаҳамиятии Оев истифода карда, телефони мобилии тамғаи “Samsung Galaxy S-3”-ро дуздидааст.
Дафтари матбуотии Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ афзудааст, баррасии парванда муайян кард, С.М.М бо ин кирдори қасдонааш ба ҷабрдида Оев С.П. зарари моддии ҷиддӣ расонида, моддаи 244 қисми 2 бандҳои “а, в”-и Кодекси ҷиноии кишварро нақз кардааст. Аз ин рӯ, ба муҳлати ду солу 8 моҳ “бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт” равонаи зиндон кард.