Артур Гулкоров: Агар дар Тоҷикистон духтариямро ошкор мекардам...(ВИДЕО)
Баҳси аз писар ба духтар мубаддал шудани Артур Гулкоров, фарзанди Малика Қаландарова, ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ шоми 23 апрел дар барномаи "Пусть говорят"-и Андрей Малахов тариқи шабакаи аввали телевизиони Русия пешкаши омма гардид.
Малика Қаландарова, ки дар 34 солагияш унвони ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравиро гирифтааст, дар ин барнома иқрор мекунад, ки писараш аз хурдӣ бештар ба лавозимоти духтарӣ таваҷҷуҳ дошт ва атрофиён ҳамеша ба ин таъкид мекарданд: “Тасаввур кунед, ки рӯзе писарам омаду ба ман эълон кард, ки модар ман писар нестам, ман духтарат ҳастам, мешунавӣ, ман духтарат астам. Ман шах шудам ва чизе ҷавоб додан натавонистам”.
Артур Гулкоров, ки ҷинсашро иваз карда, ҳоло номи Самира Мазаалро гирифтааст, дар ин шоуи телевизионӣ гуфт, ҳақиқатро пинҳон карда намешавад: “Дар Тоҷикистон, дар оилаи машҳур калон шудаам ва тасаввур кардан ҳам наметавонистам, ки ҳақиқатро ошкор кунам. Дар он ҷое, ки модарам зиндагӣ мекунаду ман калон шудаам, ҳамааш аз Осиёи Миёнаанд ва ба зиндагӣ як нигоҳ назар меафкананд. Агар ҳақиқатро ошкор мекардам, метавонистанд, маро латту кӯб кунанд, даҳонамро банданд ё маҷбурӣ зан диҳанд, ки инро намехостам”.
Самира Мазаал мегӯяд, бо вуҷуди машҳур шуданаш хушбахт набуд ва ду бор қасди худкушӣ кардааст.
Малика Қаландарова дар барнома изҳор медорад, ки баъди огоҳ шуданаш аз қасди худкушии Артур, қарор кард, барои духтар шудани ӯ кӯмак мекунад. Худи Самира Мазаал низ мегӯяд, тамомаи хароҷоти ҷароҳӣ барои тағйири ҷинсро модараш пардохта, дар маҷмӯъ барои ду ҷарроҳӣ 37 ҳазор доллари амрикоӣ харҷ шудааст.
Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ ин қазияи писарашро як зарбаи сахт барои худ хонда, афзуд, аксаран ба ҷои дастгирӣ ба маҳкумсозиҳо дучор мешавад: “Падару бародари Артур муддати тӯлонӣ натавонистанд, ин тағйиротро қабул кунанд. Махсусан падар гиря мекард ва аз мардум дурӣ меҷуст. Ӯ ҳамеша фахр мекард, ки ду писар - ду қанот дорад ва ин ҳодиса барои ӯ дардовар буд. Ба ман гуфт, ки ту Артурро дар атрофи худ нигоҳ доштӣ ва ба Маликаи дуюм табдил додӣ”.
Самира Мазаал мегӯяд, ниҳоят падараш ӯро қабул кард ва бо ӯ суҳбатро ҳамчун духтар оғоз кард: "Ба модарам ҳам гуфтам, ки ҳамеша дар орзуи духтар будӣ ва ниҳоят Худо ба ту дар 60 солагӣ духтар ато намудд".
Ҷузъиёти бештари қазияро дар навори зер тамошо кунед: