Ифшои фаъолияти ғайриқонунии динии Рауповҳо дар Душанбе
Мақомоти амниятии Тоҷикистон аз ифшои фаъолияти ғайриқонунии динии бародарон Рауповҳо -- Абдумуъмин, Ҳидоятулло ва Баракатулло хабар медиҳад. Ба иттилои мақомот, онҳо дар шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ ба таълимоти ғайриқонунии ноболиғон машғул будаанд.
Манбаъ мегӯяд, Абдумуъмин Раупов ба 15 ноболиғ аз навоҳии Рӯдакӣ, Ёвон, Бохтар, Фархор, Мастчои куҳӣ, Қумсангир ва шаҳри Душанбе дар манзили иҷорагирифтааш дар маҳалли 64-уми пойтахт таълими ғайриқонунии динӣ медодааст: “Тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки бародарони Абдумуъмин, Ҳидоятулло ва Баракатулло низ ба таълимоти динии ғайриқонунӣ машғул шуда, аз шогирдонашон аз 100 то 400 сомонӣ дар як моҳ ҳаққи устодӣ меситондаанд”.
Сарчашмаи хабар таълимоти диниро барои ин хонавода сарчашмаи даромад ва зиндагӣ унвон мекунад. Мақомоти Тоҷикистон таълимоти ғайриқонунии диниро дар кишвар яке аз омилҳои гаравидани ҷавонони тоҷик ба ҳаракатҳои ифротӣ хонда, волидонро дар он муттаҳам мекунанд, ки талаботи қонун дар бораи масъулияти падару модарро сарфи назар намуда, фарзандонашонро ба чунин таълимгоҳҳои ғайриқонунӣ медиҳанд.