“Тоҷик Эйр” нишасти “изтирорӣ”-и тайёраашро шарҳ дод
Ширкати “Тоҷик Эйр” мегӯяд, фуруди тайёраи Boeing-737-400-аш дар Қазоқистон нақшавӣ унвон карда гуфт, он изтирорӣ набуд.
Тавре аз ин ширкат ба “Озодагон” иттилоъ доданд, тайёра аз шаҳри Қӯрғонтеппа ба самти Маскав парвоз дошт ва тибқи нақша дар шаҳри Қизилурдаи Қазоқистон барои гирифтани сӯзишворӣ фуруд омад: “Зимни ташхис масъулини техникӣ диданд, ки равғани муҳаррики тайёра кам мондааст. Дар фурудгоҳи Қизилурда он равған набудааст ва аз Душанбе директори техникӣ бо кормандонаш равғанро гирифта озими Қазоқистон шуданд. Дар назар аст, тайёра соати 5:00 ба Маскав парвоз кунад”.
Ин дар ҳолест, ки расонаҳои Қазоқистон аз нишасти изтирории Боинги Тоҷикистон хабар дода, афзудаанд, соати 7:38 тайёра бояд барои гирифтани сӯзишворӣ фуруд меомад: “Аммо соати 7:30 масъулини фурудгоҳи Қизилорд аз халабонҳо иттилоъ гирифтаанд, ки фишори сӯзишворӣ дар яке аз муҳаррикҳои тайёра боло рафтааст. Дар натиҷа тайёра ба таври изтирорӣ фуруд омад”.
Расонаҳои Қазоқистон мегӯянд, Боинги Тоҷикистон 165 мусофир доштааст, ки касе аз онҳо осеб надид.