Паради низомии Тоҷикистон бо ҳузури 2000 афсару сарбоз доир мешавад
Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, имсол паради низомӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба бо ширкати беш аз ду ҳазор афсару хизматчии ҳарбӣ рӯзи 7 май баргузор мешавад.
Аз дафтари матбуотии ин ниҳод, рӯзи 23 апрел ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки далели ду рӯз қабл доир шудани паради ҳарбӣ ба иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар дар гузашти низомии Маскав марбут аст. Манбаъ мегӯяд, паради Тоҷикистон бо ҳузури Президент ва Шералӣ Хайруллоев, вазири пешини мудофиаи кишвар баргузор хоҳад шуд: “Дар он сарбозону афсарон ва хизматчиёни ҳарбӣ аз Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ, Академияи Вазорати умури дохилӣ, Вазорати адлия, Қушунҳои сарҳадӣ ва пойгоҳи двизияи 201-уми Русия сафороӣ мекунанд”.