Катабибӣ ба мақомот: Ман наҳзатию шавҳарам аз ҲХДТ...
Масъулини ҷамоати деҳоти ба номи Каленини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ рӯзи 22-юми апрел аз аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ дар ин ноҳия хостаанд, ихтиёран бо пешниҳоди ариза ҳайати ҳизб хориҷ шаванд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҲНИТ масъулин ба хонаҳои аъзои ин ҳизб ворид шуда, гуфтаанд, дар сурат хориҷ нашудан аз ҳизб мушкилоти онҳо афзоиш меёбад: “Шаҳрванд Олимбекова Катабибӣ, ба котиби ҷамоат гуфтааст, ки чаро моро маҷбур месозед, то ки аз ҳизб хориҷ шавем, дар ҳоле ки шавҳари ман узви ҲХДТ мебошаду ман узви ҲНИТ ва миёни мо ҳеҷ мушкилӣ ва хусумат вуҷуд надорад. Дар як оила зиндагии хуб ба сар мебарем”.
Ба иттилои ҲНИТ масъулини ҷамоати мазкур дар хонаҳои Суфиев Муҳаммадшариф, Ноибов Муҳаммаддовуд, Шаҳдоров Муҳаммаднаим, Абдураҳмонов Асомиддин ва даҳҳо нафар аъзои ҳизб ворид шуда, аз онҳо хостаанд, ки аз сафи ҳизб хориҷ шаванд: “Инчунин афродеро, ки аъзои ҳизбанду заминҳои хоҷагии деҳқонӣ ва бо тиҷорат сару кор доранд, бо баҳонаҳои гуногун масъулини ҷамоатҳо мавриди фишор қарор медиҳанд”.