Душанбе: Ҷаримаи ронандаи “БМВ-Х6” барои маҷруҳ кардани ноболиғ
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Комронҷон Икромови 27-соларо барои маҷруҳ кардани духтари ноболиғ дар маркази Душанбе 5 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, ронандаи ҷавон бе боваринома барои идораи воситаи нақлиёт, сари фармони мошини “БМВ-Х6” нишаста, ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Рӯдакӣ аз тарафи кӯчаи Исмоили Сомонӣ ба тарафи кӯчаи Лоиқ Шералӣ ба ду духтари ноболиғи пиёдагард роҳ надода, яке аз онҳоро маҷруҳ кардааст: “Бо оинаи тарафи рости мошин хоҳарон Акрамова Фариза ва Бибиоишаи 9 ва 10 соларо аз пой афтондааст. Дар натиҷа Фаризаи 9-сола ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст”.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ мегӯяд, ронанда дар мурофиа гуноҳашро пурра иқрор кардааст ва додрас барои нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ Икромовро ба андозаи 125 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 5 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима бастааст.