Анадолу: Маводи психотропӣ дар хуни Қувватов марговар набуд
Ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ дар хуни Умаралӣ Қувватов, роҳбари қатлшудаи “Гуруҳи 24” дар Истанбул, маводи психотропии клопазинро муайян кардааст, ки одатан барои табобати шизофрения истифода мешавад.
Оҷонсии иттилоотии “Анадолу” аз қавли ташхисгарон қасди заҳролудсозии Умаралӣ Қувватовро таъйид карда, афзудааст, он ҳаҷми маводи психотропие, ки дар хуни ӯ дарёфт шуд, марговар набудааст. Ба гуфтаи мутахассисон истеъмоли ин дору метавонад, одамро беҳуш кунад ва танҳо дар сурати аз ҳад зиёд буданаш метавонад, марговар бошад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан наздикони Қувватов низ иддао доштанд, ки дар хонаи Сулаймон Қаюмов заҳролуд шудаанд. Ба гуфтаи онҳо Умаралӣ Қувватов дар ҳоле кушта шуд, ки шоми 5-уми март баъди заҳролуд шудани худ ва ҳамсару фарзандонаш аз меҳмонии Сулаймон Қаюмов ба кӯча баромаданд. Ба иттилои расонаҳои туркӣ, дар кӯча нафаре аз пушт ба сари Қувватов тир холӣ карда, маҳалли ҳодисаро тарк мекунад. Мақомоти Туркия Сулаймон Қаюмовро ба иттиҳоми куштори Қувватов боздошт кардаанд. Гуфта мешавад, ки Қаюмов 4 моҳ пеш ба Туркия муҳоҷир шуда ва ба “Гуруҳи 24” пайвастааст.