АКС: Оғози сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Темурмалику Данғара
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 23 апрел ба ноҳияи Темурмалик ва Данғара сафар кардааст.
Дафтари матбуотии президент ҳадафи ин сафарро “шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни иҷрои барномаҳои давлатӣ ва дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, инчунин бо рафти корҳои ободониву созандагӣ” унвон мекунад. Манбаъ мегӯяд, боздиди кории Эмомалӣ Раҳмон дар марзи маъмурии ноҳияи Темурмалик оғоз ёфтааст: “Сари роҳ ба боғи нави Дӯстӣ, ки ба тариқи ҳашари умумӣ дар майдони 8 га замин бунёд ёфтааст, таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Чунонки иттилоъ доданд, дар ин ҷо ниҳолҳои беҳтарин навъҳои содиротии зардолу, олу, олуболу, гелос, бодом, панҷ навъ себ ва чормағз шинонда шудааст. Дар маҷмӯъ зикр гардид, ки тайи 10 соли охир дар ноҳияи Темурмалик майдони боғҳои нав аз 320 гектар ба 890 гектар расонида шуда, танҳо дар се моҳи соли равон дар 126 га боғҳои нав бунёд ёфтааст”.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки имконоти ноҳияи Темурмалик барои боз ҳам зиёд кардани майдони боғу токзор, аз ҷумла афзоиш додани истеҳсоли меваҳои содиротӣ ва ташкили корхонаҳои хурди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ хеле зиёд аст ва ин имконот бояд пурсамар истифода шаванд: “Бо пешниҳод Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифта шуд, ки дар ҳамин ҷо як чойхонаи сарироҳӣ ҳам бунёд ёбад, зеро мавзеи барои боғ интихобшуда хеле зебою дилнишин аст”.
Дафтари матбуотии раисиҷумҳур мегӯяд, дар деҳаи Фалҳободи ноҳияи Темурмалик Эмомалӣ Раҳмон бо ифтитоҳи пули 108-метраи мошингузар ҳамзамон роҳи навсозишудаи Данғара-Кангуртро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Тавре аён гардид, роҳи мошингарди Данғара-Кангурт, ки масофааш 27 километр аст, бо сифати баланд навсозӣ шудааст ва дар ҳолати нигоҳубини дуруст солҳои зиёд ба мардуми ин минтақа хизмат хоҳад кард: “Мардуми деҳаи Фалҳобод ва дигар деҳоти атроф аз сохта шудани пули мошингузар дар болои рӯди Оби Тоҳир басо шоду сипосгузоранд, зеро онҳо то ин вақт аз надоштани роҳи мошин, хусусан дар мавсими борогарию обхезӣ, бисёр танқисӣ мекашидаанд. Ба масъулини ҷумҳуриявӣ ва вилоятию ноҳиявӣ дастур дода шуд, ки барои дарёфти сарчашмаи маблағгузорӣ баҳри навсозии роҳи 26-километраи мошингарди Кангурт – Балҷувон ва роҳи 32-километраи Кангурт - Темурмалик - деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ чораҳо андешанд”.
Аксҳо аз ноҳияи ТемурмаликАксҳо аз Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон