Муҷозоти 14 нафар барои гирдиҳамоӣ дар назди сафорати Олмон
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия қазияи таҷаммуи як гуруҳ аз сокинон дар назди Сафорати Олмон дар шаҳри Душанберо шарҳ додааст.
15 апрели соли равон гуруҳи иборат аз 10-20 нафар дар назди Сафоратхонаи Олмон, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Нусратулло Махсум гирди ҳам омада, хостори мулоқот бо сафир шуданд. Торнамои расмии ВКД менависад, мақомоти корҳои дохилӣ санҷиши ин ҳодисаро ба итмом расонидааст: “Ҳангоми дастрас шудани онҳо аз ҷониби кормандони милитсия ба РВКД дар шаҳри Душанбе маълум гардид, ки шаҳрвандони мазкур баъди хабардор шудан тариқи шабакаи интернетӣ оиди он, ки санаи 14-уми апрели соли 2015 гурӯҳи экстремистӣ-террористии “Гуруҳи-24” дар назди Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон шаҳрвандонро ҷамъ намуда гирдиҳамоӣ ташкил кардаанд, ба назди Сафорати мазкур омадаанд”.
Манбаъ мегӯяд, “аз ҳамин хотир шаҳрвандони дастгиршуда хостаанд, ки бо сафири Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрда, бо воситаи ӯ пеши кори ин гурӯҳи экстремистӣ-террористиро гиранд ва намонанд, ки чунин гирдиҳамоӣ дар Ҷумҳурии Олмон ташкил карда шавад. Аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ сари вақт, барои роҳ надодан ба бетартибиҳо чораҳо андешида шуда, амнияти Сафоратхонаи мазкур зери назорати қатъӣ гирифта шуд”.
Ба иттилои торнамо, нисбати 4 нафар аз ин таҷамуъгарон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб ва аз чор тани онҳо ҷарима ситонида шудааст: “Инчунин, нисбати 10 нафар иштирокчиён протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, огоҳонида шуданд ва ба боқимонда иштирокчиён сӯҳбатҳои инфиродӣ-профилактикӣ гузаронида шуд”.
ВИДЕОИ гирдиҳамоии 15-уми апрел ва изҳороти эътирозгарон
17 апрел: Гирди сафорати Олмон дар Душанбе хомӯшист (АКСУ ВИДЕО)