Ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш рушди муносибати ҷонибҳо ва машварат оид ба ҳамкориҳои молиявию техникӣ миёни Тоҷикистону Олмон, арзёбӣ гардид. Дорис Ҳартрампф мегӯяд, Олмон бо сохтани пулҳо дар навоҳии наздисарҳадӣ бо Афғонистон ва тавассути барномаҳои гуногунаш дар рушди муносибатҳо миёни Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон мусоидат менамояд: «Рушди ҳамкориҳои тиҷоратии наздисарҳадии ин кишварҳо, аз ҷумла сохтмони роҳу кӯпрукҳо яке аз самтҳои асосии фаъолияти Олмон дар минтақа мебошад». Коршиносон изҳор медоранд, ки дар ин нишаст масоили марбут ба электроэнергетика, аз ҷумла иваз кардани таҷҳизоти тақсимкунанадаи барқи 220/500 кВ дар НБО-и Норак ва сохтмони нерӯгоҳи хурди барқӣ дар ноҳияи Мурғоб мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гиранд.
Тибқи иттилои вазорати рушди иқтисод ва савдо муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Олмон аз моҳи декабри соли 1992 оғоз гардида, то соли 2009-ум табодули молу колои дуҷониба 25,6 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст. Самтҳои асосии ҳамкорӣ миёни Олмону Тоҷикистон энергетика, маориф, тандурустӣ, саноат ва туризм маҳсуб мегарданд.{jathumbnail off}