Додгоҳ Дӯстмурод Илёсовро ба ҳабси абад маҳкум кард
Додгоҳи вилояти Новгороди Русия имрӯз, 22-юми апрел Дӯстмурод Илёсов, шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистонро, ки дар куштори 4 нафар муттаҳам мешавад, ба ҳабси абад маҳкум кард.
Дар ин бора додситонии вилоят хабар дода, афзудааст, ки айбдоркунандаи давлатӣ низ барои Илёсов ҳабси абад талаб карда буд. Айбдоркунандаи давлатӣ далели ин талабашро дар мурофиаи рӯзи 14-уми апрел дар додгоҳи вилояти Новгород, хатарнок будани ин шаҳрванди Тоҷикистон барои атрофиён хондааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Кумитаи тафтишотии вилояти Новгород Илёсов дар он муттаҳам мешавад, ки 27-уми майи соли 2013, зимни истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ дар маҳаллаи Демянски вилояти Новгород ду ҳамқадаҳаш, сокинони 39 ва 37-солаи маҳаллиро ба қатл расондааст: “Сипас дар ҳолати мастӣ дар деҳаи Окуловка, ки он ҷо дар як ферма кор мекардааст, вориди як хона шуда, соҳибхоназан ва баъдан дар хонаи дигар собиқадори 90-солаи меҳнатро куштааст”. Манбаъ мегӯяд, дар пайи ин Илёсов қасди куштори шоҳиди ҳодиса, шаҳрванди Узбакистон кардааст, аммо дуюмӣ тавонистааст, аз дасти ӯ халос шавад.
Соли 2013 ташхиси тиббӣ муайян намуд, ки Илёсов бемор аст ва бо қарори додгоҳ ӯ барои табобати ҳатмӣ ба беморхонаи касалиҳои руҳӣ интиқол дода шуд. Мақомоти Русия мегӯянд, табобати ҳатмии Илёсов моҳи июни соли 2014 ба охир расид ва баррасии парвандааш аз сар гирифта шуд.
Мақомоти тафтишотии Новгород таъкид мекунанд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон гуноҳашро дар чор ҳолати куштор пурра иқрор кардааст ва дар назар аст, ки то охири умраш дар зиндон хоҳад монд.