Барои ҷентелменҳо: Талоқ додед, тамоми дороиро ба занатон бигузоред!
Як вакили парлумони Қирғизистон хостори таҳияи қонуне шудааст, ки бар бунёди он дар пайи азҳампошидани оилаҳо тамоми дороиҳои мард бояд ба ихтиёри ҳамсараш гузошта шавад.
Мақсат Собиров, намояндаи ҳизби “Республика” рӯзи 22 апрел гуфтааст, ин қонун бояд кафолати ба зану фарзандон гузаштани тамоми амволро бидиҳад. “Бо таваҷҷуҳ ба зеҳнияти мо танҳо як принсип бояд бошад. Агар қарор аст, ки мард оилаи худро тарк мекунад, ӯ бояд тамоми амволро ба оилааш ба мерос бимонад. Ин чиз дар менталитети мо мавҷуд аст, танҳо бояд онро қонунӣ кард”,-гуфтааст Мақсат Собиров.
Ба иттилои расонаҳои қирғизӣ, Абдимуталил Кучқорбоев вакили парлумон аз ҳизби “Ата-Журт” ҳам аз ин пешниҳод пуштибонӣ карда, изҳор доштааст, “агар мард ҷентелмен бошад бояд аз ин шева кор бигирад, на ин ки оилаашро дар кӯча бигузорад”.