Президент ба шабакаҳои ғайридавлатии телевизион кумаки молӣ намуд
Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон ба идораи барномаҳои субҳгоҳии шабакаҳои ҷамъиятӣ ва ғйридавлатии телевизиониии “ОТРК”, ЭлТР, «5 канал» ва НТС кумаки молӣ намудааст.
Мушовири президенти Қирғизистон, Фарид Ниёзов бо роҳбарони ин шабакаҳо мулоқот карда кумаки президентро, ки маҷмуан 600 ҳазор сом буда, расонадааст.
Фарид Ниёзов зимни расонидани кумакҳо аз номи Ҳотамбоев ба роҳбарони шабакаҳо изҳори миннатдорӣ намуда, гуфтааст, ки роҳбари давлат ба фаъолияти онҳо, хусусан барномаҳои субҳгоҳӣ баҳои баланд медиҳад.
“Дар мо бисёр сабаҳои воқеие вуҷуд доранд, ки бояд ҳокимият ва фаъолияти давлат танқид карда шавад. Дар мо бисёр мушкилот вуҷуд дорад, вале барои ҳалли ин мушкилот муҳим аст, ки шаҳрвандон таъби болида дошта бошанд. Ин ҷо аст, ки кор Шумо ва идораи барномаҳои субҳгоҳиятон таъби мусбат эҷод мекунед”,-гуфтааст мушовири президент.
Ба иттилои хадамоти матбуоти президенти ин кишвар ба ҳар кадоме аз ин шабакаҳои телевизионт 150 ҳазор сом аз фонди президентии ҳифзи иҷтимоӣ кумак расонда шудааст.