(АКСУ ВИДЕО) Роҳҳои валангору хокпошиҳои IRS
Ширкати “Innovative Road Solutions” (IRS), ки нигоҳдории шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ, ягона роҳи заминии пайвандгари пойтахт бо шимоли Тоҷикистонро ба уҳда дораду дар чанд минтақаи ин роҳ бо насби дарвозаҳо аз ронандаҳо пул меситонад, зоҳиран ба “буҳрони молӣ” рӯбарӯ шуда, роҳҳои хароби таҳти назораташро бо хоку рег “дарбеҳ” мекунад.
Хабарнигори “Озодагон”, ки рӯзи 21 апрел тавассути ин шоҳроҳ то маркази ноҳияи Айнӣ сафар мекард, мушоҳида намуд, бархе қитъаҳои роҳ харобу валангор аст. Зимнан, дар бархе нуқот корҳои “тармим” ҷараён дошт ва қисматҳои валангори роҳ на бо асфалт, балки бо хоку рег таъмир мешуданд. Ҳамкори мо дар роҳи бозгашт аз намояндагони IRS, ки масъули ҷамъоварии маблағ аз ронандаҳоанд, пурсид, чаро роҳҳо дар ин вазъ қарор доранду бо хоку рег дарбеҳ мешаванд? Дар ҷавоб як масъул гуфт, “шукрона кунед, ки ба Узбакистон намерену намиёен”.
Ин бетаваҷҷуҳӣ ва “хокпошӣ”-ҳои IRS дар ҳолест, ки масъулини он ахиран аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, тамоми роҳҳои кишварро пулакӣ кунад. Рустам Абдуллоев, ноиби вақти раиси Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи “Душанбе-Чаноқ” моҳи январи соли гузашта дар ҷараёни як нишасти хабарӣ гуфт, беҳтар аст, ҳукумати Тоҷикистон тамоми роҳҳоро пулакӣ кунад ва аз ин нафъ хоҳад диду зиён на. Ӯ таъкид кард, агар нигаҳдории роҳи “Душанбе-Чаноқ” ба ихтиёри ширкати IRS гузошта намешуд, иқтисоди кишвар зиён медид. Абдуллоев, ки дар гузашта ба ҳайси мудири фаннии ширкати IRS (Инноватив Роуд Солюшнз) кор кардааст, гуфт, "ҳоло дар тамоми дунё нигоҳдории пулакии роҳҳо вуҷуд дорад ва чунин амал барои беҳтар нигоҳ доштани роҳҳо мусоидат менамояд. “Фаъолияти сесолаи ширкати IRS нишон дод, ки ин ширкат фаъолияташро хеле хуб ба роҳ мондааст. Раҳмат ба ширкати IRS, ки омада ҳамин роҳи моро нигаҳдорӣ мекунад”.