Қазоқистон: Иттиҳоди АвруОсиё нияти таъсиси пули ягонаро надорад
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нияти роҳандозии асъори ягонаро надорад. Ин нуктаро Тимур Жаксиликов, муовини вазири иқтисоди милии Қазоқистон изҳор доштааст.
Ӯ гуфтааст, “Қазоқистон дар мавриди имконоти истисноии роҳандозии асъори ягонаи миллӣ дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мавқеи мушаххас ва устувор дорад. Ин гуна масоилро мо баррасӣ намекунем. Ин мавзӯи дастури кор нест. Ташкили иттиҳоди пулӣ ва эҷоди асъори ягонаи миллӣ дар ин иттиҳод баррасӣ нашудааст ва чунин корҳо роҳандозӣ намешаванд”.
Аммо Жаксиликов таъйид кардааст, ки дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё то соли 2025 роҳандозии ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ дар соҳаи танзими бозори молиявӣ ба нақша гирифта шудааст.