ФСБ тоҷики 20-соларо дар зӯроварӣ алайҳи “ғайримусалмонҳо” айбдор мекунад
Раёсати Хадамоти федералии амнияти Русия (ФСБ) дар вилояти Аргангелск аз боздошти як шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар шабакаҳои интернетӣ ба таблиғи созмонҳои мамнӯи “Давлати исломӣ” ва “Ҳизби исломии Туркистон” машғул будааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ин раёсат ин шаҳрванди 20-сола дар интернет мардумро ба пайвастан ба ҳаракатҳои ифротӣ даъват намуда, аз фаъолияташон ҳимоят кардааст: “Феълан алайҳи боздоштшуда бо иттиҳоми даъвати оммавӣ ба фаъолияти экстремистӣ ва ҳимоят аз фаъолияти террористӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст”.
Манбаъ мегӯяд, ҷавони тоҷик бо нашри матолиб мардумро ба зӯроварӣ алайҳи афроди ғайримусалмон ва амалҳои террористӣ дар Шарқи наздику Иттиҳоди давлатҳои мустақил даъват намудааст: “Аз ҷои иқомати боздоштшуда низ адабиёте дарёфту мусодира шудаанд, ки ба ифротгароён марбут аст. Феълан аз рӯи ин қазия тафтишот идома дорад”.
Ин ҳодиса дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аксари тоҷикон ба ҳаракатҳои экстремистӣ дар қаламрави Русия мепайванданд ва сипас роҳи Шарқи Наздикро пеш мегиранд. Феълан теъдоди тоҷиконе, ки дар ҷабҳаи "Давлати исломӣ" меҷанганд, расман ҳудуди 300 нафар арзёбӣ мешавад.