Президенти Академия: Як кас агар 40 сол роҳбарӣ кунад, дигарон роҳбарӣ накунанд?
Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, ҳарчанд раҳбарони нави пажуҳишгоҳҳои фарҳангистони улум ба сатҳи директорони пешин нестанд, аммо шахсони пурэнержӣ буда, қобилияти кор карданро доранд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 20 апрел бо имзои қарорҳои ҳукумат директорони панҷ институти Академияи илмҳоро аз вазифа барканор ва ба ҷои онҳо нафарони навро таъин кард. Бо қарорҳои ҷаноби Раҳмон, Абдураҳмон Маҳмадов, собиқ декани Факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллӣ (ДМТ) ва собиқ ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба ҷои Абдувоҳид Шамолов директори Институти фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии Академияи улум, Зикриё Акрамов декани собиқи факултаи таърихи Донишгоҳи миллӣ ба ҷои академик Раҳим Масов директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ, Акобир Мирзораҳимов, собиқ декани факултаи биологияи ДМТ ба ҷои Абдусаттор Саидов директори Институти зоология ва паразитология ва Лутфулло Саидмуродов собиқ вакили парлумони Тоҷикистон ба ҷои Олим Бобоев директори Институти иқтисодиёт ва демография ва Сахидод Хоркашов ба ҷои академик Акбар Турсон директори Институти забону адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ таъин шуданд. Сабаби барканории Акбар Турсон ва Раҳим Масов, баромадан ба нафақа гуфта мешавад, аммо ба иттилои расида, онҳо ба ҳайси корманд фаъолияташонро дар Академияи улум идома хоҳанд дод.
Дар пайи ин тағйирот бархе соҳибназарон гуфтанд, раҳбарони нав тавоноии директорони пешинро надоранд. Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон рӯзи 21 апрел дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, “албата, касе инкор намекунад, ки Раҳим Масов ва Акбари Турсон ба сатҳи баланди академикӣ расиданд, лекин ҳар кас мувофиқи синну сол, мувофиқи қобилияти ҷисмонӣ кор мекунад ва ҳақ дорад, ки истироҳат намояд. Дигар ин ки, ҷавонон кай соҳиби вазифаҳои роҳбарӣ мешаванд?”
Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи панҷ нафаре, ки тоза ба вазифа таъин шуданд, доктори илм буда, дар замони шӯравӣ таҳсил кардаанду соҳиби унвонҳои илмӣ шудаанд. Онҳо шахсиятҳое ҳастанд, ки дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ кор кардаанд: “Ё декан будаанд ё ректор ё дар дигар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият намудаанд. Имрӯз вақт аст, ки энергияи бисёр доранд, нерӯи зеҳнии хуб доранд ва аз қобилияти ҷисмонии хубе бархӯрдор мебошанд, ки барои илми тоҷик хидмат кунанд. Ҳамаашон шахсиятҳо арзанда, варзида, дорои дараҷаҳои баланди илмӣ ҳастанд. Худ як бор фикр кунед, як кас агар 30 сол, 40 сол роҳбарӣ кунад, пас дигарон роҳбарӣ накунанд?”