Боздошти як тоҷику лулӣ барои қочоқи маводи мухаддири 40 миллионӣ
Вазорати умури дохилии Русия аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон ва як сиган ё лулӣ хабар додааст, ки дар нигаҳдорӣ ва қочоқи маводи мухаддир ба миқдори зиёд муттаҳам мешаванд.
Торнамои расмии ин ниҳод гуфтааст, дастгиршудаҳо дар пайи як амалиёти кормандони Сарраёсати кофтукови ҷиноии Вазорати умури дохилӣ дар Красноярск дастгир шудаанд: “Дар ҷараёни чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар шаҳри Красноярск як сокини маҳалии 63-сола, раҳбари диаспораи сиганҳо ва шаҳрванди 45-солаи Тоҷикистон боздошт гардид. Аз автомашинаи онҳо ҳудуди 47 кило ҳероин ва 18 кило ҳашиш ёфт ва мусодира шуд”.
Манбаъ мегӯяд, арзиши маводи нашъадори мусодирашуда дар “бозори сиёҳ” 40 миллион рублро ташкил медиҳад.
Ба иттилои торнамо, ҳоло пулис ба таҳқиқот машғул буда, муайян мекунад, ки ин миқдор маводи мухаддир бо чи роҳе ба қаламрави минтақа ворид шудааст: “Нисбати боздоштшудаҳо бо иттиҳоми гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор дар ҳаҷми бузург парванда боз шудааст”.
Акс аз торнамои Вазорати умури дохилии Русия