Вазири фарҳанги Русия: Марги Худойназаров ноодилона аст...
Владимир Мединский, вазири фарҳанги Русия бо ирсоли барқияи тасаллият ба наздикону ҳамкорони коргардони маъруфи тоҷик -- Бахтиёр Худойназаров, марги ӯро дар синни ҷавонӣ ноодилона хонд.
Мединский дар барқияи худ таъкид намудааст, ки Бахтиёр Худойназаров он қадар филми бисёре таҳия накардааст, вале ҳар яке аз филмҳои ӯ бо ҷоизаҳои зиёд қадрдонӣ шудаанд, зеро эҷодиёти ӯ самимӣ ва инсонгароёна аст. “Аз даст додани чунин ҳунармандон дар синни ҷавонӣ, ки метавонистанд бисёр корҳои дигареро анҷом бидиҳанд, хеле ҳузновар ва ноодилона аст. Филмҳои Бахтиёр Бобоҷонович ҳамеша бо мо хоҳанд монд”-омадааст дар барқияи вазири фарҳанги Русия.
Марги Бахтиёр Худойназаров дар сархати расонаҳои маъруфи Русия қарор гирифта, аксари онҳо Худойназаровро ҳамчун коргардони Русия муаррифӣ кардаанд.
Бахтиёр Худойназаров, коргардони маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ рӯзи 21 апрел, дар соли 50-уми умраш, дар пайи ранҷи тӯлонӣ аз бемории саратон, дар шаҳри Берлини Олмон аз олам чашм пӯшидааст.
Мақомоти умури хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, омодаанд хароҷоту расмиёти интиқоли ҷасади Худойназаровро ба Ватан таъмин кунанд, аммо наздикони ӯ хостаанд, ҷасадаш дар Берлин ба хок супорида шавад. Худойназаров солҳои охир бештар дар Маскаву Берлин зиндагӣ мекард.
Бахтиёр Худойназаров 29 майи соли 1965 дар Душанбе таваллуд шуда, дар Тоҷикистон ба ҳайси рӯзноманигор ва ёвари коргардон дар “Тоҷикфилм” кор кардааст. Баъди хатми донишкадаи умумииттифоқии кинематографӣ дар соли 1989 ба таҳияи филмҳо машғул мешавад. “Дар интизори баҳр", "Братан", "Қош ба қош", "Падари моҳтобӣ", "Шик" ва "Танкери Танго" аз маъруфтарин филмҳои ӯ мебошанд.