Тоҷикистон “Оши Палав”-у “Фалак”-ро ба рӯйхати ЮНЕСКО пешниҳод кард
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон “Оши палав”-ро ба Феҳристи фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО пешниҳод кардааст.
Тавре аз ин ниҳод иттилоъ доданд, феълан аз ҷониби мутахассисони вазорат омӯзиши илмӣ, ҳуҷҷатнигорӣ ва таҳияи матни мукаммали номгӯйи "Оши палав" дар бахши таомҳо ва анъанаҳои миллӣ ба анҷом расида, ҳуҷҷатҳо аллакай пешниҳод гардиданд. Ба иттилои манбаъ, Тоҷикистон дар бахши санъати иҷросозӣ мусиқии суннатии тоҷик -- “Фалак”-ро низ ба мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО пешниҳод намудааст.
Ин пешниҳодҳо дар ҳолеянд, ки дар ҷаласаи навбатии Кумитаи байниҳукуматии ЮНЕСКО оид ба мероси ғайримоддии фарҳангӣ, ки соли равон дар Намибия доир мегардад, "Чакан" барои ворид намудан ба Феҳристи фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
Ба иттилои Вазорати фарҳанг, ҳоло аз ҷониби мутахассисон корҳо дар самти пешниҳоди ҳунари "Читгарӣ" ва номгӯйи "Атлас" ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО идома доранд. Масъулини Вазорати фарҳанг муътақиданд, пешниҳоди номгӯйҳои мазкур имконияти мусоиди муаррифии фарҳанги ғановатманди миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, барои гиромидошт, ҳифз ва ба наслҳои оянда интиқол додани он имконият фароҳам меоранд.