АКС: Оғози сохтмони хатти барқии 550 киловолтию 5 мактаб дар Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба бунёди хатти барқии 550 киловолтаи Душанбе - ноҳияҳои тобеи марказ ва панҷ мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ дар кишвар оғоз бахшидааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳур, маросими гузоштани санги асоси ин хатти барқ нимаи дуюми 20 апрел дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб баргузор шуда, дар он узви Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин, роҳбари Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури ҳамсоякишвар - Чжан Чунсян низ иштирок доштааст.
Манбаъ мегӯяд, бунёди ин хатти неруи барқи 550 киловолтаи Душанбе - ноҳияҳои тобеи марказ ва панҷ мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ бо сахт кардани мурбати нахустин симпоя ва гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон ва намояндаи Чин оғоз гардид.
Дар ин маросим Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, гуфтааст, "хатти барқии 550 киловолтаи Душанбе - ноҳияҳои тобеи марказ ба дарозии 196 километр тӯл кашида, иборат аз 466 симпоя хоҳад буд. Ин лоиҳаи бузург бо харҷи қариб 550 миллион сомонӣ татбиқ шуда, ба амнияти энергетикии кишвар мусоидати фаъол мекунад. Дар доираи ин тадбир ҳамчунин як силсила лоиҳаҳо аз қабили сохтмони зеристгоҳи “Шаҳринав-220 кв”, “Ҳисор-110 кв” ва навбати дуюми Маркази дуюми барқу гармидиҳии Душанбе бо тавоноии 300 мегаватт татбиқ хоҳад шуд.”
Дафтари матбуоти президент афзудааст, ки 5 макатби нави таҳсилоти ҳамагонӣ, ки ба сохтмони онҳо оғоз бахшида шуд, барои 7700 хонанда дар 2 баст аз ҷониби ширкати чинии ТВЕА, ки татбиқи ин лоиҳаҳоро бар дӯш дорад, дар шаҳри Душанбе ва чанд ноҳияи дигар бо харҷи 80 миллион сомонӣ сохта мешаванд.
Чжан Чунсян низ дар навбати худ аз рушди босуботи муносиботи Тоҷикистону Чин ва татбиқи лоиҳаҳои вобаста ташаббуси ин кишвари бузург доир ба бунёди камарбанди иқтисодии Шоҳроҳи Абрешим изҳори хушҳолӣ намудааст.