Барканории сухангӯи Ислом Каримов
Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон сухангӯяшро аз вазифа барканор кардааст.
Ба навиштаи “Uzmetronom”, барканории Баҳодур Эргашев чун ҳарвақта ҳеч сару садое ба дунбол надошт. Манбаъ меафзояд, далели ин гуна тағйироти кадрӣ дар Узбакистон фош намешавад.
Торнамо менависад, дар ҳоли ҳозир курсии сухангӯи Ислом Каримов холӣ аст, ва “агар касе ҳам ба ин симмат биёяд боз ҳам дер намепояд. Касе, ки ба ин вазифа баргузида мешавад ба ҳеч ваҷҳ бо рӯзноманигорон дар бораи нақшаҳо, сафарҳо ва далели дар кор набудани раиси ҷумҳур Каримов, суҳбат нахоҳад кард”.
“Хуб аст ё бад, вале сухангӯи оянда ҳам ба Каримов дастрасӣ нахоҳад дошт. Миёни раиси ҷумҳур ва сухангӯй ҳеч вақт боварӣ пайдо намешавад. Беҳтар он аст, ки сухангӯй бидонад, ки раиси ҷумҳар дар ҳар ҳолат аз ӯ чӣ мехоҳад. Шеваи раҳбарии шарқӣ ба гунае аст, ки раҳбар ҳамеша бо зердасти худ фосила нигоҳ медорад, ҳатто ин амали ӯ бар хилофаш бошад”,-навиштааст “Uzmetronom”.