Дастури Убайдуллоев барои барчидани “либосҳои бегона” аз Душанбе
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, имрӯз, 20 апрел дар ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ дастур додааст, ки вуруди "сарулибоси барои фарҳанги мо бегона" ба пойтахт боздошта шавад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, зимни ҷаласа дар иртибот ба риояи расму оинҳои миллӣ, ҳифзи арзишҳои маънавӣ ва пешгирӣ аз таблиғоти фарҳанги бегонаи адёнӣ дар шаҳр, масъулини Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо оид ба шаҳри Душанбе вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати боздошти воридшавии молу маҳсулот ва сару либосҳои мавриди таваҷҷуҳ ва барчидани онҳо аз нуқтаҳои савдо тадбирҳои воқеӣ андешанд.
Ин дастур барои боздошти воридот ва барчидани "либосҳои барои фарҳанги тоҷикон бегона" аз нуқтаҳои савдои шаҳри Душанбе дар ҳолест, ки қаблан маъмурини пулис низ ба мубориза алайҳи ҳиҷоб равона карда шуданд. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон бо зикри таваҷҷуҳи рӯзафзуни бархе аз занони тоҷик ба либоси барои фарҳанги мо гӯиё бегона супориш дода буд, ки барои ҷилавгирӣ аз ин раванд миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳию профилактикӣ гузаронда шавад.
Инчунин Убайдуллоев ба Раёсати умури дохилӣ, додситонӣ, Раёсати назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияву Раёсати давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе дастур додааст, қарори охири худ дар мавриди манъи вуруди васоити нақлиёти мусофиркаши ғайришаҳрӣ ба пойтахтро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд. Убайдуллоев Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозию Кумитаи идораи замини шаҳрро вазифадор кардааст, ки барои таваққуфи воситаҳои нақлиёти ғайришаҳрии мусофиркашонӣ нуқтаҳои мушаххасаро дар чаҳоргӯшаи шаҳр муайян намоянд.
Дар ин ҷаласаи шаҳрдори Душанбе низ масоили кадрӣ баррасӣ шуда, ба хотири андешидани тадбирҳои кадрӣ дар тамоми субъектҳои хоҷагидории шаҳр ва ноҳияҳо дастур шудааст, ки раисони ноҳияҳо, сардорони раёсатҳои марбута барои ишғоли мансабҳои давлатӣ аз 5 то 7 номзадҳои ҷавону соҳибихтисос ва арзандаро дар давоми 10 рӯз пешниҳод кунанд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев ба хотири таҳкиму вусъати корҳои ободонӣ дар ҳудуди шаҳр ва шунидани арзу шикояти сокинони пойтахт тасмим гирифтааст, бевосита худ дар чорабинии “Рӯзҳои шаҳр дар ноҳияҳо” ҳамроҳи роҳбарони аввали сохторҳои шаҳрӣ иштирок кунад. Баргузории чорабинии “Рӯзҳои шаҳр дар ноҳияҳо” шуруъ аз 30 апрели соли равон оғоз шуда, ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе барпо мешавад ва ҳафтаи аввал дар ноҳияи Шоҳмансур баргузор хоҳад шуд.