10000 сомонии шаҳрдори Хуҷанд барои ғолибони “Фестивал-озмуни гулҳо”
Раҷаббой Аҳмадзода, шаҳрдори Хуҷанд ба хотири баланд бардоштани завқи зебоипарастии сокинони маркази вилояти Суғд ва иҷрои қарори раҳбари ин вилоят дар мавриди эълони соли гулҳо “Фестивал-озмуни гулҳо” эълон кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд, Аҳмадзода дар арафаи таҷлили Рӯзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қарори баргузории озмуни мазкурро имзо кардааст. Манбаъ мегӯяд, ҳадаф аз ин озмун “ободонии муҳити зист, тарбия ва баланд бардоштани завқи зебоипарастии аҳолӣ, тағйир додани симои маҳаллаҳо ва гулзор намудани саҳни биноҳои истиқоматии ташкилот, идораҳо, муассисаҳо, ҳамчунин бо мақсади асосии озмуни мазкур тарғибу ташвиқ намудани ҳисси зебоипарастӣ, бедор намудани завқи аҳолӣ нисбати ободонии шаҳр ва дар ин замина вусъат бахшидани корҳои гулзоркунӣ” мебошад.
Дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд афзуда, дар асоси қарори ҳайати кумитаи тадорукот ва ҳайати ҳакамони ғолибони озмун: Ҷои якум - 5000 сомонӣ, ҷои дуюм - 3000 сомонӣ ва барои ҷои сеюм - 2000 сомонӣ мукофот муайян шудааст. Инчунин ғолибони озмун бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонида мешаванд. Ба ҳайати ҳакамони озмун 6 олими фанҳои табиӣ, рассом-ороишгар ва мутахассисони соҳаи гулпарварӣ шомил гаштаанд.
Моҳи январи соли равон, Абдурраҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд соли 2015-ро дар шимоли кишвар соли гулҳо эълон кард. Дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, дар ин бора қарори Абдураҳмон Қодирӣ “Дар бораи тасдиқ намудани Барномаи вилоятии “Соли 2015 - соли гулҳо” содир шудааст. Манбаъ ҳадаф аз ин барномаро “эҳёи анъанаҳои неки бунёдкории аҷдодон, инкишофи ташаббускориву фаъолнокии ҳар як сокини вилоят ва дар ин замина тақвият бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, сабзазоркунию гулзоркунӣ дар маҳалли зист мебошад”, арзёбӣ кардааст.