Садамаҳои маргбор дар шимоли Тоҷикистон афзоиш ёфтааст
Давоми се моҳи ахир дар қаламрави вилояти Суғд 85 садамаи нақлиётӣ ба қайд расидааст, ки дар пайи он 32 нафар ҷони худро аз даст дода, 94 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Аз Бозрасии давлатии автомобилии вилоят ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, ки шумори садамаҳои нақлиётӣ дар се моҳи ахир нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24 адад зиёд шуда, теъдоди фавтидагон 7 нафар афзоиш ёфтааст: “Бештари садамаҳо дар шаҳру навоҳии Хуҷанд, Исфара, Айнӣ, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов рух додаанд”.
Манбаъ сабаби асосии ҳодисаҳои роҳу нақлиётиро риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва суръати баланди васоити нақлиёт арзёбӣ намуд.