Эмомалӣ Раҳмон навсозии роҳи Хоруғ-Кулмаро ба миён гузошт
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо котиби Кумитаи ҳизбӣ-роҳбари ноҳияи мухтори Синзян-Уйғури Чин, Чжан Чунсян, густариши ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқот, ки имрӯз, 20 апрел баргузор гардид, Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳ ва муҳтавои муносиботи кунунии Тоҷикистону Чин изҳори қаноат карда, афзудааст: ”Мо азм дорем, ки ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши худ бо Чин суръати бештар бахшида, онро ба сатҳи сифатан боло барорем”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо сифати баланд таҳия намудани Барномаи нави ҳамкории Тоҷикистон бо ноҳияи мухтори Синзян-Уйғури ҷумҳурии мардумии Чинро зарур хондааст, зеро муҳлати барномаи амалкунанда имсол ба анҷом мерасад.
Манбаъ мегӯяд, зимни мулоқот зикр шуд, саҳми ноҳияи мухтори Синзян-Уйғур дар ҳаҷми гардиши моли миёни Тоҷикистону Чин 78%-ро ташкил медиҳад.
Инчунин ба нақши гузаргоҳи сарҳадии Кулма-Қаросу ҳам баҳои баланд дода шудааст, зеро ҳаҷми боркашонӣ аз ин роҳ тайи 10 соли охир 35 баробар афзуда, ба ҳаҷми боркашониҳои хориҷии роҳи оҳани Тоҷикистон баробар шудааст.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур афзуд, ки бо назардошти густариши ҳамкориҳо, ҷонибҳо зарурати навсозии роҳи мошингарди Хоруғ-Кулмаро ба миён гузоштанд.