Муҷозоти мансабдори Душанбе барои бетаваҷҷуҳӣ нисбати мардум
Олим Нуров, раҳбари Шабакаи барқи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои бетаваҷҷуҳӣ нисбат ба муроҷиати шаҳрвандон ба пардохти беш аз ҳазор сомонӣ ҳамчун ҷарима муваззаф шудааст.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Нуровро дар нақзи моддаи 87 (вайрон кардани тартиб ва муҳлати баррасии шаҳрвандон) -и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон айбдор хонда, ба маблағи як ҳазору 200 сомонӣ ҷарима бастааст.
Тавре аз ин ниҳод рӯзи 20 апрел ба “Озодагон” хабар доданд, баррасии фаъолияти раҳбари Шабакаи барқи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аз сӯи додгоҳи мазкур дар асоси муроҷиати додситонии ноҳия сурат гирифтааст. Манбаъ мегӯяд, тафтишоти додситонӣ муайян кардааст, ки ниҳоди таҳти раҳбарии Нуров ба муроҷиати баъзе аз сокинон бетаваҷҷуҳӣ зоҳир карда, ҳатто шикояти баъзе аз онҳоро ба қайд нагирифтаанд.