Ҷилавгирӣ аз қасди худкушии Фарзонаи 19-сола дар шимоли Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз худкушии як духтари 19-сола ҷилавгирӣ кардааст.
Ориф Нозимов, сухангӯи ин ниҳод ба “Озодагон” гуфт, рӯзи 19 апрел, соати 7:10 Фарзона Ҷӯраева, истиқоматкунандаи шаҳри Қайроққум, бо мақсади худкушӣ худро аз болои купруки Исмоили Сомонӣ ба дарёи Сир мепартояд. “Соати 7:22 гуруҳи наҷотдиҳандагони шаҳри Хуҷанд дар ҳайтаи 4 нафар, бо сардории Шарифов С. ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, духтарро аз об бароварда, наҷот доданд”,-афзуд ӯ.
Ба қавли ҷаноби Нозимов, Фарзона ҳоло дар беморхонаи марказии шаҳри Хуҷанд бистарист.
Ин дар ҳолест, ки сержанти милиса Парвизҷон Ёқубов рӯзи 25 марти соли равон Мавзуна Зокироваи 28-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро, ки бо қасди худкушӣ худро аз болои пули дарёи “Сир” ба зер афканд, аз ғарқшавӣ наҷот дод. Дар пайи ин амалаш Парвизҷон Ёқубов, корманди Хадамоти таъминотии милисаи Шӯъбаи умури дохилии шаҳри Хуҷанд бо фармони вазири корҳои дохилӣ бо нишони сарисинагии “Аълочии милитсия” сарфароз гардид.
Вазорати умури дохилӣ хабар дод, ки ин нишон ба Парвизҷон “барои содиқона ва софдилона иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ, дарки баланди масъулият ва нишон додани ҷавонмардӣ, ҳамзамон наҷот додани шахси ғарқшуда” тақдим гардидааст.