ВИДЕО: “Ришҳота қоқоқоқ метарошам...Киай шӯйи ин ҳиҷобдор?”
Дар шабакаи иҷтимоии Ютуб навори баҳси маъмурини пулис бо тоҷири ришдор дар мавриди ришу ҳиҷоб нашр шудааст, ки дар он маъмурин аз зӯр кор гирифта, ниҳоят тоҷирро боздошт мекунанд.
Дар ин навор маъмур дар хитоб ба тоҷири ҷавон, ки риш дорад, таъкид мекунад, “ҳозир ришҳота қоқоқоқ метарошам. Гир ришата, ман дигар набинам. Мумкин нест”.
Сипас, ба занҳои ҳамроҳи савдогар, ки зоҳиран наздиконаш будаанду яке ҳиҷоб доштаасту дигаре не, хитоб карда, афзудааст, чаро ин хоҳар ҳиҷоб накардаасту ӯ дорад: “Накунад, ҳамин хелӣ. Ин мумкин нест, ин тоҷикӣ нест. Ин тоҷикай турк нест ку ё аз Арабистон”.
Тоҷири ҷавон дар посух мегӯяд, ин занҳоро шавҳарҳояшон алоҳидаанд ва якеро мумкин шавҳараш иҷозат додааст. Маъмур дар пайи ин посух мехоҳад, шахсияти мардеро муайян кунад, ки занаш ҳиҷобдор аст ва дод мезанад, “шӯйи ҳамин киай? Киай шӯйаш?”
Дар идома бо овози баланд “ин ҷо биё, ин ҷо биё”-гӯён аз гардани тоҷири ҷавон дошта, ӯро кашола карда мебарад. Зане дар навор наздикони ҷавонро ором карда, мегӯяд, ҳеч гап не, ҳозир ришашро тарошида раҳояш мекунанд.
Тавре аз навор бармеояд, ин ҳол боиси нороҳатии бархе аз ҳозирин шуда, ки мегӯянд, "ин чӣ хелӣ гап аст, ки мардумро дар ҷойи ҷамъиятӣ “издиватся” мекунанд". "Қонунай",- мегӯяд дигаре ва сеюмӣ посух медиҳад, ки "демократияаш ҳаминай баъд?"
То ҳол, Вазорати умури дохилӣ ин наворро шарҳ надодааст. Нашри навори мазкур дар ҳолест, ки ахиран аз ҷониби маъмурини пулис маъракаи густурда алайҳи ришу ҳиҷоб роҳандозӣ шуда, дастури махсуси Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон низ содир шудааст, ки ба ҷилавгирӣ аз майли бархе аз занон ба либоспӯшии барои фарҳанги тоҷикон бегона равона шудааст. Аммо роҳбарияти мақомоти умури дохилӣ таъкид карда буд, ки ин маърака тариқи корҳои фаҳмондадиҳию профилактикӣ роҳандозӣ шавад, на тариқи зӯроварӣ.